Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба ширкати “Ёқут-2000” барои сохтмони маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар пойтахт иҷозатнома надодааст. Аз ширкат ҳам пешниҳод нарасидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

“Ҳоло маълум нест, ки дар ҷойи бозори Шоҳмансур (маъруф ба Зелений базар) чӣ сохта мешавад. Шояд ширкати “Ёқут” хоҳони онанд, ки сохтмони маҷмааи “Гнубади Ёқут”-ро дар ин ҷо пешниҳод намоянд, лекин пешниҳоди расмӣ нест”, - гуфт ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии дасгоҳи раиси пойтахт Абдулмаҷид Усмонов.

Қаблан Радиои Озодӣ дар ин робита хабар дод, ки дар ҷойи бозори кӯҳнаи Шоҳмансур маҷмааи 26-ошёнаи “Гунбади Ёқут” қомат меафрозад. Фармоишгари тарҳи “Гунбади Ёқут” ширкати “Ёқут-2000” буда, тарҳи биноро ширкати меъмории “Harmony art” аз шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб офаридааст.

Гуфта мешавад, ширкат барои сохтмон иҷозати мақомотро дарёфт кардааст. Абдулғанӣ ал– Саид як масъули ширкати тарроҳии “Harmony art” гуфтааст, ду қабати авввали бино барои идораву утоқҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дар ошёнаи аввал ҳамчунин шифохона ва боғчаи кӯдакон ҷойгир мешавад ва 24 ошёнаи боқимонда хонаҳои истиқоматӣ мебошанд.

Намояндаи ширкати “Ёқут-2000” дар суҳбат бо “Азия-Плюс”  изҳор намуд, ки лоиҳаи сохтмони иншоот бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шуда, онҳо аллакай ба сохтмони он шурӯъ кардаанд.

“Лекин ВАО дар бораи ҷойи сохтмон маълумоти носаҳеҳ интишор карданд. Маҷмааи “Гунбади Ёқут” на дар ҷойи бозори Шоҳмансур, балки дар паҳлӯи он бо суроғаи Деҳлавӣ 10” сохта мешавад”, - зикр кард намояндаи ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи “Гунбади Ёқут” дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар шабакаи Youtube ширкати Harmony art навори видеои лоиҳаи “Гнубади Ёқут”-ро гузоштааст. Дар навор ҳамчунин қаламрави паҳлӯи ҷойи собиқ бозори Шоҳмансур низ зикр мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.