Аз раисони шаҳру навоҳии кишвар танҳо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мо дархост намуд, ки фаъолияти молиявии мақомоти шаҳрдории зери роҳбариаш қарордошта санҷида шавад, хабар дод ба журналистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, раиси пойтахт аллакай соли дуюм аст, ки ба Агентӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ ҷиҳати санҷиш дархост равон мекунад. “Аз дигар раисони шаҳру навоҳӣ ба мо чунин дархост нарасидааст”, - иброз дошт Султонзода.

Ӯ қайд кард, ки мувофиқи нақшаи кории Агентӣ оид ба санҷиши фаъолияти молиявии мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки ҳамасола аз ҷониби президент тасдиқ мешавад, чунин санҷишҳо интихобӣ гузаронида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дархост намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2018 мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Охири моҳи январи соли гузашта низ Рустами Эмомалӣ ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии хоҷагидории мақомоти шаҳрдорӣ дар соли 2017 ба Агентии мазкур дархост ирсол карда буд.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар мавриди азхудкунии воситаҳои буҷет дар мақомоти шаҳрдорӣ, бахусус дар доираи амалисозии лоиҳаи “Сохтмони манзили дастрас” рӯшанӣ андохта шавад.

Баъдан масъалаи хароҷоти воситаҳои буҷет дар 69 иншооти мавриди сохтмон қарордошта ва қаблан мавриди истифода қароргирифта санҷида шуда, дар ин иншоот ба маблағи умумии 7,8 млн. сомонӣ ҳолатҳои изофанависӣ ошкор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.