Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду генерал – полковникро ба нафақа фиристод.

Абдураҳим Қаҳҳоров бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2012 фаъолият дошт.

Генарал – полковник Абдураҳим Қаҳҳоров пас аз хатми донишгоҳ то соли 1979 — дар вазифаҳои ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар ВКД-и ҶШС Точикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 1979—1981 — дар Академияи ВКД ИҶШС таҳсил карда, пас аз хатм ба вазифаи сардори ШКД ноҳияи Октябр (ҳозира шаҳраки Сомониён) таъйин шудааст. Солҳои 1985 - 1987 дар вазифаи ҷонишини сардори РКД-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1987—1992 ҷонишин ва дар солҳои 1992—1993 ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1991 рутбаи генерал - майори милитсияро соҳиб шудааст. Солҳои 1993—2000 сардори Академияи ВКД-и Тоҷикистон ва аз соли 2000 то 2006 сол ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Соли 2006 ба вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин гардид. Аз январи соли 2009 то январи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Шералӣ Хайруллоев низ имрӯз бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ озод карда шуд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2014 фаъолият дошт.

Генерал – полковник Шералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Аз соли 1970 то 1977 дар вазифаҳои Ёвари сардори шӯъбаи молияи қ/ҳ 6604-и шаҳраки Паймаи поёни кишвари Красноярск, Сардори шӯъбаи молияи қ/ҳ 6694 шаҳри Қизили РАСС Тува, Сардори хадамоти хӯроквории қ/ҳ 6700 кишвари Красноярск, Муовини командири қ/ҳ 6694 шаҳри Қизили РАСС Тува фаъолият намудааст.

Солҳои 1977-1988 дар вазифаҳои Муовини сардори профилакторияи муолиҷавию меҳнатии Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, Сардори муассисаи ислоҳотию меҳнатии №3/5-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, Сардори муассисаи №3/7-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, Муовини сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1988—1995 муовини вазири корҳои дохилӣ, солҳои 1995—2013 вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Инчунин, бо амри Президент Матлубхон Давлатов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи референти калони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2013 фаъолият дошт.

Матлубхон Давлатов
Сурат: Asia-Plus

Матлубхон Давлатов 17 январи соли 1950 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1970 факултети иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Номзади илми иқтисод. Аз соли 1972 то 1990 дар Донишкадаи иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 1994 раиси Кумитаи амволи давлатӣ таъйин гардида, аз октябри соли 2001 ба ҳайси раиси комиссияи ҷумҳурӣ оид ба хусусигардонии амволи давлатӣ ва аз соли 2006 раиси Кумитаи давлатии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2006 мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва соли 2010 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент таъин гардид.

Солҳои 2012 – 2013 дар симати муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҳамчунин, имрӯз Маҳмадалӣ Ватанзода аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Маҳмадалӣ Ватанзода
Сурат: аз Радиои Озодӣ

Зариф Ализода аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Зариф Ализода
Сурат: Asia-Plus

Умед Бобозода аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ озод карда шуда, ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид

Ҷонмаҳмад Раҷабов аз вазифаи машваратчии калон – сардори шуъбаи амнияти мудофиаи дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Раҷабзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми директор – сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» озод карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.