Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи равон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф меорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.

Санаи дақиқи оғози сафари Сарвари давлат ба минтақаи шимоли Тоҷикистон алҳол муайян карда мешавад: президентро дар Хуҷанд рӯзи 29 ё 30 март мунтазиранд.

Зимни сафар ба вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаи шимоли кишвар аз наздик шинос шуда, бо аҳолии як қатор шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳо баргузор мекунад, ҳамчунин дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави таъиноту гуногун иштирок ва ба амалисозии чанде аз лоиҳаҳо ҳусни оғоз мебахшад.

Дар ҷараёни сафар ба масъалаи рафти омодагирии вилояти Суғд ба истиқболи шоёни ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор додани беш аз 6,5 ҳазор иншооти нав дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки 300-тои онро иншооти саноатӣ ташкил хоҳад дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.