Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои   «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол»-и пойтахт қарор ба имзо расонид.

Ғолибони омзунҳоро комиссияи махсус таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ муайян кард. Ба ҳайати комиссяи намоянагони Вазорати маориф, дастгоҳи раиси пойтахт, равоншиносон ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаву собиқадор шомил буданд.

Омӯзгори кӯдакистони №67 Назарбахт Алидодова – мураббии сол ва хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 Масъуд Давлатзода хонандаи беҳтарини соли шаҳри Душанбе дониста шуданд.

Ба ғолибони озмунҳо ифтихорномаҳои махсус ва ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадоме мукофотпулӣ тақдим карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.