Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода аз вазифааш озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ӯ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаб сабукдӯш гардида, бо амри Президенти Тоҷикистон муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, ки зери сарварии Озода Раҳмон қарор дорад, таъин гардид.

Икромиддин Вализода сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. То ин таъинот ӯ вазифаи муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт”-ро ба уҳда дошт.

Ҳамчунин бо амрҳои Президент Хуршед Исмоилзода, ки қаблан ба ҳайси муовини роҳбари Кумитаи андоз фаъолият дошт, сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Файзулло Файзуллозода муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардиданд.

Абдукарим Абдуалимзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Хайриддин Ҳукмиддинзода муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъин карда шуд.

Хотиррасон мекунем, ки ба боло бурдани қимати интернет дар Тоҷикистон маҳз Хадамоти зиддиинҳисорӣ ташаббус зоҳир намуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.