Собиқ роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода санаи 23 апрел муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд.

Хотиррасон мекунем, ки маҳз Хадамоти зиддиниҳисорӣ таҳти роҳбарии ӯ ташаббускори боло бурдани нархи инетернет ва хизматгузориҳои мобилӣ дар Тоҷикистон буда, лекин 23 апрел Эмомалӣ Раҳмон ин фармоишро бекор кард.

Дар бораи тарҷумаи ҳоли Саъдӣ Қодирзода дар манбаъҳои боз маълумот дастрас нест. Мо кӯшиш кардем, ки баъзе тафсилот дар ин хусусро дарёфт кунем.

Саъдӣ Қодирзода 4 майи соли 1978 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Аз соли 2000 ба сифати мутахассис дар шуъбаи назорати асъори бонки тиҷоратии “Душанбе” кор кардааст. Аз соли 2000 то соли 2003 ба ҳайси мутахассиси пешбари Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати савдо ва робитаҳои хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. То моҳи июни соли 2015 дар ин Вазорат ба сифати сармутахассис, сардори шуъба, сардори раёсат фаъолият доштааст.

Моҳи июни соли 2015 роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва аз 23 апрел бо қарори ҳукумат муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Икромиддин Сироҷиддин Вализода ба ҷойи ӯ роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин шуд.

Икромиддин Вализода
Сурат: standart.tj

Ӯ 10-уми октябри соли 1974 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (феълан Бохтар) таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Солҳои 1992-1994 дар ҷамъияти матлуботи ш. Бохтар ба ҳайси фурӯшандаи мағозаи “Умед” фаъолият намудааст. Солҳои 1994-1995 дар вазифаҳои мудири шуъбаи комиссионӣ ва таъминотчии базаи яклухти савдои вилояти Хатлон кор кардааст. Солҳои 1995-1998 ҳамчун мудири мағозаи “Наврӯз”–и Ҷамъияти матлуботи ш. Бохтар фаъолият намудааст.

Солҳои 1998-2000 дар вазифаи муовини директори генералии  Комбинати орди ш.Бохтар фаъолият намудааст. Солҳои 2000-2002 вазифаи директори генералии ҶС «Вахш»-и ш. Бохтарро иҷро намудааст. Солҳои 2002-2005 вазифаи директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии ҶДММ "Орди Хатлон"-ро иҷро намудааст. Солҳои 2005-2010 ҳамчун директори генералии «Истеко-Текстайл» н. Бохтар адои вазифа намудааст. Солҳои 2010-2011 дар вазифаи Сардори нозироти савдои  Маркази вилоятии “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2015 дар вазифаи директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ (Тоҷикстандарт) вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон  аз 05 майи соли 2015 муовини директори Агентии “Тоҷикстандарт” таъин гардид. Санаи 23 апрели соли 2019 роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъин шуд.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.