Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Янчин рӯзи 28 апрел Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин “Экспо-2019”-ро тамошо карда, бо намояндагони кишвари Чин аз гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони “Боғдорӣ ва рушди деҳот”, ки дар намоишгоҳ бо фарогирии масоҳати 100 метри мураббаъ мақоми хосае дошт, боздид ба амал овард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни обҳои ташнашикани корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили “Оби зулол”, “Зода”, “Субҳи Ватан” ва “Комбинати хуроквории Бохтар”, ҳамчунин Корхонаи Асали тоҷик, Интермед, Абрикос компания, Оро Исфара, Баракати Исфара, Исфарафрут, Меваи Канд Экофрут Исфара, Аввалин, ширкати Амирӣ ва Корхонаи Ширин ба маъраз гузошта шуда буд.

1/14

Гуфта мешавад, “ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин-2019” таҳти унвони “Ҳаёти сабз-манзили зебо” 162 рӯз идома ёфта, интизор меравад, ки 16 млн нафар аз ин намоишгоҳ дидан намоянд. Дар ЭКСПО 110 сохтори намоишдиҳандаи байналмилалӣ ва 120 намоишдиҳандаи ғайрирасмӣ иштирок хоҳанд кард, ки дар таърихи баргузории ЭКСПО нишондоди рекордӣ аст.

Масоҳати макони баргузории ин маъракаи боғдорӣ 503 гектар буда, дар канори дарёи Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин ҷойгир аст. Барои тамошобинон дар ЭКСПО толори васеи тамошои фарҳанги боғдорӣ, тамошои гулу гиёҳҳои рангоранг пешбинӣ шуда, онҳо имкон доранд зиёда аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро бубинанд.

Ҳамин рӯз дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланд “Як камарбанд, як роҳ” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот карда, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯъи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон аз имкони вохӯрии сатҳи олӣ ҷиҳати баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва мавзуъҳои робитаҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ кард.


Президенти Тоҷикистон нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар махсус таъкид кард.

Сарони давлатҳо таҳкими ҳамгироии пурсамарро дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ба манфиати кишварҳо зарур шумурданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои воридоти маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Чин, ҷалби сармояи чинӣ барои рушди соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзӣ, зарурати таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Чин ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои хурду миёнаи индустриалӣ, ҳамкорӣ дар бахши нақлиётию транзитӣ бо бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маъданҳо, баррасӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, муҳокима карда шуд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, иброз доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.