Дар сохтмони бузургтарин маркази тиббии “Истиқлол” дар Тоҷикистон, ки чанд сол пеш мавриди истифода қарор гирифт, 151 млн. сомонӣ (наздики 16 млн. доллар) маблағ дуздида шудааст, изҳор намуд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, Сарвари давлат зикр кард, ки баъди тафтиши харҷи сохтмони “Истиқлол” Агентии зиддифасод маълум кардааст, ки даҳҳо миллион сомонӣ ба ҷайби афроди алоҳида рафтааст.

“Ман як ду бор рафтам, дидам, баръало маълум буд, ки изофанависӣ аст. Сохтмон бесифат аст, имрӯз аллакай муайян шуда истодааст. Масолеҳи сохтмонии пастсифат истифода шуда истодааст. Ҳатто паркети коғазӣ аз Чин оварда истифода кардаанд. Паркет овардаанд, маблағи калонро нишон доданд... Коррупсия санҷид, дар як объект 151 миллион сомонӣ, дуздии рӯирости маблағи буҷет “, - гуфтааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки дар рӯйпӯш сохтани дуздӣ аудиторни Палатаи ҳисоб даст дошта, барои ин амалашон 250 ҳазор доллар маблағ гирифтааанд.

“Ҳамаи шахсоне, ки ба ин амали коррусионӣ даст задаанд, бояд назди қонун ҷавоб гӯянд. 151 миллион. Аз ин ҳисоб 10 мактаби ҳозирамон сохтан мумкин аст. Понздаҳмиллионӣ даҳто мактаб (месохтем). Дар 10 шаҳру ноҳия як мактабӣ 15 миллионӣ сохтан мумкин буд. ”, - гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи апрели соли 2017 дар робита ба ин масъала Суди шаҳри Душанбе собиқ сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваровро барои порадиҳӣ ва камомад дар харҷи воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маркази тиббии “Истиқлол” ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 млн. сомонӣ ҷубронпулӣ маҳкум кард.

Ҳамчунин вобаста ба ин қазия Фазлиддин Маҳмудов, роҳбари ширкати “Тоҷикколхозсохтмон” ба 18 соли зиндон ва муовини ӯ Фирӯз Раҳмонов ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, дигар иштирокчиёни парвандаро Суди шаҳри Душанбе ба пардохти ҷаримаҳои ҳаҷмашон ниҳоят зиёд уҳдадор кард.

Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”дар майдони беш аз 10 гектар, дар байни Маркази ҷумҳуриявии ташхис ва бозори Султони Кабир ҷойгир шудааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст. Барои сохтмони марказ  аз буҷети пойтахт зиёда аз 706 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.