Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати мақомоти раҳбарии Хадамоти гумрук ва Бонки миллии ҷумҳурӣ танбеҳ эълон кард.

Тавре дар сомонаи Сарвари давлат хабар дода мешавад, бо фармоиши ҳукумати ҷумҳурӣ, мутобиқи моддаи 32 Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, муовини аввали ӯ Азим Турсунзода ва боз ду мувини дигар - Иззатулло Ҳурматзода ва Хуршед Шерализода танбеҳ дода шуд.

Ҳамчунин бо амри президент барои ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовини аввали ӯ Ҷамолиддин Нуралиев ва дигар муовинонаш - Ҳамидулло Машрабзода ва Лола Салимова низ танбеҳ эълон шуд.

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан ду муовини раиси Кумитаи андоз - Лола Сафарзода ва Пӯлодҷон Юсуфӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.