Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори дигари ҳукумат Дилмурод Давлатзода директори нви ин Агентӣ таъин шуд.

Ҳамчунин бо сабаби ба кори дигар гузаштан муовини аввали Агентии мазкур Назокат Одиназода ва муовини директор Файзулло Шарифзода аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Дар вохӯрии санаи 10 май бо кормандони мақомоти андозу гумрук ва молия президенти Тоҷикистон аз фаъолияти раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа норозигӣ изҳор намуд.

Президент шахсан Наҷмудиновро сарзаниш кард, ки бо чунин таҷрибаи бузург дар мақомоти молия ба камудиҳо дар кори идоракунии Агентӣ роҳ додааст.

Сафаралӣ Наҷмудинов солҳои тӯлонӣ (солҳои 2000-2013) дар вазифаи вазири молияи Тоҷикистон кор карда, пас аз сабукдӯш шудани аз ин мансаб, то ин замон ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа роҳбарӣ мекард.

Бо қарори ҳукумати кишвар, ваколати директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» Аловуддин Сатторӣ бинобар вафоташ қатъгардида ҳисобида шуд. Ӯро дар ин вазифа Шуҳрат Мақсудзода иваз намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.