Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ далели боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Маскав ба гумони куштори варзишгари рус пайгирӣ ва дар сурати зарурат ҷиҳати тафтиши мунсифонаи ӯ мусоидат менамояд.

Дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия бевосита ба ҳодисаи мазкур машғул буда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштааст, ки “дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд”.

Ёдрас мекунем, ки ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия дар Маскав то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.