Дар доираи таҷлили Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузории як силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтаааст, ки иштироки васеи ҷавонону варзишгарон, собиқадорони соҳа ва устодони варзиш дар онҳо дар назар аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, санаи 22 май соати 6:00 дар назди Шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахти кишвар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ  бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар доир карда мешавад.

Гуфта мешавад, ба ин муносибат рӯзи 21 июн дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов конфронси илмӣ назарявӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар маврзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳаракати олимпии Тоҷикистон ва ҷаҳон” доир карда мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки чунин чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи ҳаракати олимпӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.