Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 10 июли Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кумитаи марбутаи палатаи поёнии парлумон дастур дода шуд, ки шумори маркази ноҳияҳоеро, ки дар деҳаҳо ҷойигиранд, муайян намоянд.

Дар ҷаласаи Шӯро пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ба деҳаи Ховалинг дар маркази ноҳияи ҳамном додани мақоми шаҳрак баррасӣ шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” ёвари раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин супориш додааст, ки пас аз ҳисобу китоби дақиқи шумори маркази ноҳияҳои воқеъ дар деҳаҳо, лоиҳаи қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ оид ба ин масъала омода шавад.

Дар палатаи болоии парлумон ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала изҳор намуданд, ки тайи солҳои охир дар деҳаи Ховалинг корҳои назаррасии ободонӣ ба сомон расонида шуда, дар он ҷо биноҳои муосири таъиноти иҷтимомӣ ва фарҳангӣ, боғи фарҳангу истироҳат ва дигар биноҳои нави маъмурӣ қомат афрохтанд ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки ба деҳа мақгоми шаҳрак дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.