Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии Ватани азиз ва садодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек кард.

Гуфта мешавад, оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400-500 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудааст ва аз табибати нотакрори ин мавзеъ ҳаловат бурдааст.

1/6

Бо ҳамин сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон анҷом ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.