Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки  имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи пеш аз муҳлати қатъ шудани ваколатҳои намояндагони мардумӣ - вакилон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Ҷамшед Саидзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо сабаби охири моҳи июл аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Норак таъин шудани Ҳилолбӣ Қурбонзода ва раиси ноҳияи Ёвон таъин гардидани Ҷамшед Саидзода, ваколатҳои парлумонии ин вакилон пеш аз муҳлат қатъ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, агар муҳлати ваколати парлумон то як сол боқӣ монда бошад, интихобот ба ҷойи вакилони хориҷшуда гузаронида намешавад.

Қобили зикр аст, ки муҳлати ваколатҳои намоянагони мардумии даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи феврал ба итмом расида, ававли моҳи март дар кишвар маъракаи интихоботи вакилони нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.