Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз 10 то 18 сентябр бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд. Вохӯриҳо мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлис Олии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳо ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик шинос мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов.

Вакилон ба интихобкунандагон дар бораи фаъолият дар парлумон ва ҳамчунин корҳои иҷрошуда дар доираи амалисозии барномаҳои пешазинтихоботиашон маълумот медиҳанд.

Вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ дар як сол маъмулан ду маротиба - моҳи сентябр пас аз анҷоми таътили тобистона ва зимистон - барои шарҳу тавзеҳи паёмҳои солонаи президент ба парлумон - вохӯриҳо барпо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.