Субҳи имрӯз, 10-уми сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод" шурӯъ гардид.
Тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми "Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад. Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, 10-уми сентябр дар идомаи боздид Президенти Тоҷикистон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шуданд. Дар бинои хуштарҳу замонавии Прокуратураи ноҳияи Муъминобод 10 утоқҳои корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.
Ҳамчунин бо ҳузури Сарвари дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил” расман ҳусни оғоз бахшида шуд.
Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.
Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти “Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминободи Пешвои миллат инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор дод.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста