Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ҳузур дошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи коркарди шир - ҶДММ “Шири Данғара” ҳусни оғоз бахшид.

Дар ин корхона 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад. Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.

Дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғара Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии “Умед”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолият ба беш аз 70 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.