Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 сентябр ба фаъолияти Корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе - ҶДММ «Зиркон» оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, корхона бо харҷи 55 млн. сомонӣ аз ҳисоби сармояи мустақим бунёд гардида, масоҳати умумии он 4 гектарро ташкил медиҳад ва дар он беш аз 160 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корхона дар як сол зиёда аз 180 ҳазор метри мураббаъ сангро дар шаклҳои гуногун бо сатҳу сифати баланд коркард менамояд. Дар корхона зиёда аз 20 намуди санг коркард шуда, дар як вақт имкон аст, бештар аз 50 намуди маҳсулот аз санг истеҳсол карда шавад, аз ҷумла, сангҳои ороишӣ, лавҳаҳои мармарӣ бо андозаҳои гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, зинаҳо ва ғайра.

Мактаби махсуси зеҳнӣ

Гутфа мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи бунёди Мактаби махсуси зеҳнӣ аз наздик шинос шуда, барои корҳои сохтмони ин иншооти соҳаи маориф оғоз бахшид.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти бунёдшаванда барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Дар ҳудуди иншоот бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5 ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзишӣ ва биноҳои техникию ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон ҳар кадом бо дорои 300 курсӣ ва андозаҳои 36 метр дарозӣ ва 22 метр паҳноӣ мебошанд. Дар таҳхонаи толори варзиш ошхона барои 250 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

1/13

Корхонаи нави истеҳсоли семент

Ҳамчунин ҳамин рӯз бо ҳузури Сарвари давлат ва раиси пойтахт дар дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» санги асос гузошта шуд.

Дар асоси лоиҳа иқтидори корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад.

“Корхона ба таври муосир, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф безарар дар канори шаҳр бунёд меёбад. Чангу ғубор дар ҳамаи сехҳои корхона, яъне дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд”, - таъкид мешавад дар хабари хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

1/7

“Қолинҳои Душанбе”

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Президенти мамлакат ва раиси шаҳри Душанбе дар маросими оғози корҳои сохтмони корхонаи азими қолинбофӣ – ҶДММ “Қолинҳои Душанбе” иштирок карданд.

Зикр мегардад, ки аснои муаррифии лоиҳа қайд шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Ҷиҳати бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. Барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил” –и Белгия ворид карда хоҳад шуд.

1/10

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ

Дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” оғози расмӣ бахшида шуд.

Дар корхона қубурҳои шишапластикии қутрашон 300 ва 3000 мм истеҳсол гардида, иқтидори солонаи он ба 150 км баробар хоҳад шуд. Қубурҳои мазкур новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм хеле сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле содда ва осон мебошад. Ҳамчунин қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар буда, оташбардор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

1/7

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо оаиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти нави саноатӣ иттилоъ дода шуд, ки дар корхона асосан истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20 киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшандиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли нерӯи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳамагуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.