Дабири кулли  Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ- WCO – World customs organization/ Кунио Микурия   бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 23 сентябр Кунио Микурияро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди инфрасохтори гумрук, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани савияи ихтисоси онҳоро муҳокима карданд.

Таъкид шудааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки зимни нишасти хабарӣ Кунио Микурия изҳор доштааст, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи масъалаҳои раванди ислоҳоти соҳаи гумрук дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар миқёси шаҳри Душанбе ва дигар дидбонгоҳҳои минтақаҳои сарҳадӣ баррасӣ шуданд.

Кунио Микурия илова кардааст, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадбирҳои мушаххас мавриди амал қарор гиранд. Дар ин раванд омода намудани кадрҳои соҳа, таъмин ва муҷаҳҳаз гардонидани дидбонгоҳҳо бо технологияҳои муосир ва таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ зарур мебошад, ки ин пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода боздид карда, бо фаъолияти  онҳо аз наздик  шинос мешавад. Дабири  кулли СҶГ инчунин аз «Кохи  Наврӯз», ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва дараи Варзоб боздид мекунад.  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.