Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро маъқул шуморид, ки сангинтар кардани чораи қонунгузорӣ барои истифодаи шиканҷаро пешбинӣ месозад.
Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустами Шоҳмурод дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон қайд кард, ки тағйироти мазкур бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ворид мешавад.
“Мувофиқи тағйирот, ҷазо барои шиканҷа ба сифати ҷарима (аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб), ки дар Кодекси ҷиноятии амалкунанда вуҷуд дорад, бекор шуда, ба ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол иваз мешавад”, - гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, акнун муҳлати маҳрумият аз озодӣ барои такроран истифода шудани шиканҷа ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё нисбати занони айбдоршаванда дар ҳолати ҳомиладорӣ, ё шахси ноболиғ, ё маъюб бо расонидани зарари миёна ба саломатӣ аз 5 то 8 солро ташкил медиҳад.
“Агар шиканҷа бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ содир шуда бошад, ё бар асари он чабрдида ҳалок шавад, ё боиси дигар оқибатҳои вазнин гардад, барои ин ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст”, - хабар дод Рустами Шоҳмурод.
Маҳкумшудагон ба шиканҷа ҳамчунин аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 15 сол (вобаста ба сатҳи вазнинии ҷинояти содиршуда) маҳрум карда мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста