Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз маҳалли сохтмони беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Қубодиён боздид кард.

Сохтмони беморхонаи иборат аз 200 кат соли 2018 дар доираи созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки масоҳати умумии замини ҷудошуда барои ин маҷмааи тиббӣ 5 гектар буда, сохтмони он аз ҷониби Ӯзбекистон маблағгузорӣ мешавад.

“Қоҳир Расулзода бунёди иншооти мазкурро далели навбатии муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвари ҳамҷавор номид”, - омадааст дар хабар.

Бунёди ин беморхона яке аз ду лоиҳаҳоест, ки ҳукумати Ӯзбекистон ба зимма гирифтааст. Лоиҳаи дуюм мактаби таҳсилоти умумӣ бо 630 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Созишномаҳо дар бораи бунёди ин ду иншоот дар қаламрави Тоҷикистон зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар соли 2018 ба имзо расиданд. Иншооти мазкур пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешаванд.

Сарвазир инчунин бо ҷараёни сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳо дар ноҳияҳои Шаҳритус, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.