Раиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри миллат ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфт.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳимми Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ номид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, робитаҳояшро бо парлумони Аврупо дар самтҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд ҳам густариш диҳад.

Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ гардида, идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шуморида шуд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми кумитаи ҳамкориҳои парлумонии иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор шуда, дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти МНМО ҶТ,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ҳайати парлумони Аврупоро бо дастовардҳои кишвар дар соҳаҳои иқтисоду энергетика шинос карда, аз вакилони аврупоӣ даъват кард, ки ба ҷалби сармоягузориҳо ба Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мусоидат кунанд.

Ҳайати парлумони Аврупо дирӯз бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон низ мулоқот кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.