Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз ба Тошканд рафт: ин нахустин сафари хориҷаи ӯ ба ҳайси шаҳрдори пойтахт аст.
Дар Тошканд ӯ бо ҳамтои ӯзбеки худ ҷараёни амалисозии Созишнома миёни ҳукуматҳои ҳар ду кишварро, ки зимни сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд, баррасӣ мекунад.
Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ ва шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев оид ба масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии байни Душанбе ва Тошканд табодули андеша мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.
Дар назар аст, ки шаҳрдорон барномаи ҳамкории ду пойтахтро барои соли 2020 тасдиқ хоҳанд кард.
Моҳи январи соли 2017 Рустами Эмомалӣ бо фармони президенти Тоҷикистон раиси шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз ба ҳайси раиси пойтахт ба кишварҳои хориҷӣ сафар накарда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста