Бинои нав барои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бинои дафтари асосии кории ҳафтошёнаи муосир барои Агентии зиддифасод дар муддати 1,5 сол дар паҳлӯи бинои Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ сохта шудааст.

Маросими ба истифода додани бино рӯзи 17-уми декабр бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз расми ифтитоҳи бино раисҷумҳур бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрда, вазифаҳои нави онҳоро дар самти мубориза бо коррупсия баррасӣ мекунад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо фармони президент аввали соли 2007 таъсис дода шуд.

Кормандони дастгоҳи ҷумҳуриявии Агентӣ то ин дам дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр – собиқ бинои мактаби таҳсилоти умумӣ дар мавзеи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ҳамчунин пушти бинои Маркази ҷумҳуриявии ташхис фаъолият доштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.