Комиссияи махсуси назди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон сатҳи дониши вакилони ояндаи палатаи поёнии парлумонро аз забони давлатӣ месанҷад.
Комиссияи иборат аз забоншиносони маъруфи тоҷикро ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар парлумони кишвар Зариф Ализода роҳбарӣ мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон хабар дод.
Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон ва аъзои палатаи болоии парлумон пас аз панҷ рӯзи додани ариза барои бақайдгирӣ дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисон дар муддати як соат бояд ба забони давлатӣ тарҷумаи ҳоли худро нависанд, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо хонанд ва дар суҳбат бо забони тоҷикӣ имкону малакаҳои худро нишон диҳанд.
Аз ҷумла, дар бораи Конститутсияи ҶТ, қаҳрамонони Тоҷикистон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ва дигар мавзӯъҳо суҳбат гузаронида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2015 сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин ҷамоатҳо аз чунин санҷиш мегузаранд.
Агар номзад ба вакилӣ аз санҷиш нагузарад, бақайдгирии ӯ рад мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста