Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зодрӯз дорад. Ҷашни 32-солагии худро ӯ дар ҷойи корӣ таҷлил мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд.

Ӯ рӯзи чоршанбе аз хоҷагии чорвопарварии зотии гӯштии ҶДММ «Шири Нуробод» дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти шаҳрдорӣ, ин хоҷагӣ бо мақсади таъмини бозори истеъмолии  шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ, аз ҷумла, гӯшт ва бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод кардани маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфтааст.

Раиси шаҳри Душанбе зимни боздид аз ин хоҷагӣ таваҷҷуҳи хоҷагидоронро баҳри дар шароити мутобиқу ба талаботи муосир ҷавобгӯ парвариш кардани чорво, аз ҷумла, таъмин бо хӯроки серғизо, саривақт аз муоинаи бойторӣ гузаронидани ҳайвонҳо ва дигар масоили марбут ба нигоҳубини онҳо ҷалб кард, то ки барои аҳолии шаҳри Душанбе гӯшт ва маҳсулоти гӯштии босифат пешниҳод шавад.

Сурат: дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

Рустами Эмомалӣ ба масъулини марбутаи пойтахт бобати ба бозорҳои пойтахт ворид кардани маҳсулоти хоҷагӣ ва пешниҳоди он ба сокинону меҳмони шаҳр, инчунин захира кардани миқдори зарурии маҳсулот дастуру тавсияҳои муфид дод.

Гуфта мешавад, масъулини  хоҷагии мазкур ба  раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар доираи ҳамкорӣ  бо шарикони хориҷӣ барои ба ҷумҳурӣ ворид кардани зотҳои гӯштии чорво қарордоди ҳамкориро ба имзо расонидаанд.

Аз ҷумла, бо «Ширкати содиротии Алгин»  (ТОО «Алгинская экспортная компания») ҷиҳати воридоти 4000 сар чорвои гӯштӣ бо вазнҳои аз 400 то 700 килограм ва бо хоҷагии деҳқонии «Азимхон»-и Ҷумҳурии Қазоқистон барои воридоти 1000 сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқӣ бо вазнҳои 250-350 килограмм шартнома баста шудааст.

Сурат: хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

МАЪЛУМОТНОМА:

Рустами Эмомалӣ 19-уми декабри соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ фаъолият карда, моҳи июни соли 2009 сардори ин Раёсат таъин шудааст.

Солҳои 2011-2012 дар вазифаи сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо фармони Президенти ҶТ 16-уми марти соли 2015 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, то 12-уми январи соли 2017 дар ин вазифа кор кардааст.

Бо фармони Президенти ҶТ аз 12-уми январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4-уми апрели соли 2017 ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.