Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19-уми декабр дар бораи аз вазифаҳояшон озод кардани раиси суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд Наргис Ёдгорзода ва судяи ин суд Муродбек Насриддинзода фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин мансабдорон  бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа озод карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми ноябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ изҳор дошт, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят ва 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла, 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо, 7 шикоят оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.

“Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, аз соли 2009 то инҷониб 25 нафар судяҳо (аз ҷумла 1 нафар зан) ва 16 нафар кормандони дастгоҳи судҳо барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба ҷазоҳои гуногун маҳкум шудаанд, ки чунин вазъ бисёр нигаронкунанда ва боиси ташвиш мебошад”, - гуфт сарвари давлат.

Ӯ зикр кард, ки дар фаъолияти судяҳо камбудиҳо, ба монанди бо сифати паст таҳия кардани санадҳои судӣ ва дар ин замина зиёд шудани бекоршавии қарорҳои судӣ ва риоя накардани муҳлати баррасии парвандаҳо ҷой доранд, ки боиси норозигии мардум ва воридшавии арзу шикоят ба мақомоти болоӣ мегарданд.

“Аз ин рӯ, раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ҷиҳати баланд бардоштани касбияти судяҳо чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо шахсияти онҳоро ҳаматарафа омӯхта, дар баробари донишу таҷриба, инчунин одобу ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро ба эътибор гиранд”, - таъкид дошта буд раисҷумҳур.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.