Рӯзи 21-уми декабр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросон боздид карда, ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади афзудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил кардаанд.

Гуфта мешавад, ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла, роҳбари хоҷагии “Ватан” Неъмат Усмонов бунёд мешавад. Дар вақти омода кардани замин ва шинондани ниҳол тавсияи таҷрибадорон пурра ба инобат гирифта шудааст ва минбаъд низ нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.

1/16

Барои таъмини токзор бо оби полезӣ аз пойгоҳи обкашии “Табиат-2” ба масофаи қариб 3,5 километр хати алоҳидаи оби полезӣ кашида шудааст. Дар ин замина масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ҳамчунин ду агрегати нав васлу насб кардаанд.

Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғу токпарварӣ, ин токзори нав баъди се-чор сол аз 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.

“Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, боғутокпарварӣ токзори навбунёд “Пешвои миллат” номгузорӣ шуд”, - қайд мешавад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.