Ташаббуси озод кардани шаҳрдории пойтахт аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷҳои гумрукӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сурат пазируфт.

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйиротро ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2019” ба палатаи поёнии парлумон фиристод, ки мувофиқи он шаҳрдории Душанбе аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ барои воридоти ниҳолу гул ва буттаҳо ба пойтахт аз хориҷи кишвар озод карда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод.

Номгӯйи гулу бутта ва ниҳолҳое, ки аз хориҷи кишвар ба Душанбе оварда мешавад, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ мешавад.

Гулу буттаҳо айни замон дар худи пойтахт парвариш мешаванд.

Ба ҷуз ин, чанде аз ниҳолу гулу буттаҳо аз Ӯзбекистону Италия ба кишвар оварда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.