Муаррифии муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Фирӯза Шарифӣ имрӯз, 3-юми январ баргузор шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни муаррифии муовини навтаъин ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ зикр кардааст, ки ӯ дар мувофиқа бо Президенти ҶТ ба ин вазифа таъин шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Фирӯза Шарифӣ аз 2-юми ноябри соли 2016 то имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ буд.

Раиси вилоят ба ӯ дар иҷрои вазифаи нави пурмасъулияташ барору комёбӣ хоста, таъкид кардааст, ки роҳбари давлат ҳамеша ба нексириштӣ ва азму талоши созандаи занон такя мекунад. “Аз ин рӯ, бояд тамоми фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба он равона гардад, ки Тоҷикистони азизро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил диҳем”, - гуфтааст Қурбон Ҳакимзода.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар ин мақом Махфират Хидирзода адои вазифа мекард ва чанде пеш ӯ ба Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ба кор гузашт.

Маълумотнома:

Фирӯза Шарифӣ 6-уми октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Оиладор, модари як фарзанд мебошад.

Солҳои 1995 ва 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои филологи тоҷик ва иқтисодчӣ хатм кардааст. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Бо мукофотҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла, ифтихорномаи Тоҷикистон (2008) ва ифтихорномаи раиси ҲХДТ (2014) сарфароз гардонида шудааст.

Фирӯза Шарифӣ тӯли солҳои гуногун ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.