Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 10-уми январ ҷаласаи васеъи дастгоҳи шаҳрдориро баргузор мекунад. Зимнан аз фаъолият дар соли 2019 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар ҷаласа ба масъалаи ҷараёни рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр ва амалисозии нақшаи генералии пойтахт таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар ҷаласа раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои пойтахт дар бораи фаъолият дар соли гузашта ва нақшаҳо барои соли оянда ҳисобот хоҳанд дод.

Ҳамчунин дар ҷаласа баррасии омодагии шаҳрдорӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Мувофиқи нақшаи ҳукумати шаҳри Душанбе, давоми солҳои 2020-2021 дар пойтахт ба истифода додани наздики 4 ҳазор иншоот дар соҳаҳои саноату савдо, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ба нақша гирифта шуда, беш аз 20 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аз кори сохторҳои марбут ба нақлиёти ҷамъиятӣ, бахши иҷтимоӣ, маорифу тандурустии пойтахт натиҷагирӣ шуда, дар соли равон назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.