Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) директори ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн” Сурайё Уроқоваро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ҲХДТ хабар доданд, ширкати зери роҳбарии ӯ ба сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна дар Душанбе ва минтақаҳои Тоҷикистон машғул аст.

Аз ҷумла, дар маросими ба истифода додани яке аз хонаҳо моҳи июни соли 2016 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт. Барои бунёди маҷмааи истиқоматии 12-ошёна дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ширкати Сурайё Уроқова беш аз 27 млн. сомонӣ маблағ масраф кард.

Ӯ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор номзад ба вакилии парлумон пешбарӣ мешавад.

Дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки кори худро охири моҳи феврал ба итмом мерасонад, ҳавзаи интихоботии мазкурро узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодии кишвар Шарофиддин Сироҷов намояндагӣ мекард.

Агар Уроқова эътимоди мардумро ба даст оварда, вакил интихоб шавад, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, ӯро лозим меояд, аз фаъолияти соҳибкорӣ даст кашад, зеро вакилони парлумон чун ҳамаи хизматчиёни давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба тиҷорат машғул шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.