Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми январ сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон иваз шуд. Ивази сафирро аксарият ба масъалаи ҷараёни тӯлкашидаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон нисбат медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” Сӯҳроб Олимзодаро аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон озод кард.

Ба ҷойи ӯ дипломати касбӣ Назирмад Ализода сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон таъин шуд. Ӯ замоне ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон кор кардааст.

Маълумотнома: Назирмад Ализода 11-уми ноябри соли 1967 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик аст.

Соли 1993 Акдемияи кишоварзии К.А.Тимирязевро бо ихтисоси муҳандис ва соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро дар риштаи иқтисод ва идоракунии корхонаҳои саноатӣ хатм кардааст.

Аз соли 2003 дар кори дипломатӣ фаъолият дорад.

Аз 18-уми июни соли 2014 то 14-уми январи соли 2019 сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Муғулистон буд.

Аз моҳи январи соли гузашта то январи соли 2020 дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳайси сафир оид ба супоришҳои махсус ва ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Исфара гуфтушуниди ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда, зимнан масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади кишварҳо баррасӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.