Нишастҳои хабарии маъмулии вазорату идораҳо, ташкилоту корхона ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 рӯзи 27-уми январ оғоз мегарданд.

Маъмулан роҳбарони вазорату идораҳои кишвар ба намояндагони васоити ахбори умум дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019, дастоварду камбудиҳо дар ин давра маълумот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.

Нахуст нишастҳои хабарии Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Нишастҳои матбуотӣ то 14-уми феврал идома меёбанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо баъдан ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба баргузор мешаванд.

Дар супориши мазкур зикр шудааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.