На Шукурҷон Зуҳурову на муовинони ӯ – Абдуҷаббор Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ ва Акрамшо Фелалиев ба рӯйхати номзадҳои пешбаришуда ба вакилии палатаи поёнии парлумон, ки интихобот ба он рӯзи 1-уми март доир мегардад, дохил нашуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дод, 20 нафар аз 63 вакили мардумии ҳайати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон мехоҳанд, ки бори дигар ба курсии вакилӣ нишинанд.

Байни номзадҳои ба вакилии парлумони Тоҷикистон пешбаришуда шахсони зерин ҳастанд, ки дар ҳайати парлумони моҳи март ваколатҳояш қатъмешуда вакил буданд:

Толибхон Азимзода, Мирзоанвар Аҳмадов, Гулбаҳор Ашӯрова, Маҳмадалӣ Ватанзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Усмонзода, Мавлуда Мирзозода, Рустам Қудратов, Рустам Латифзода, Дилрабо Мансурӣ, Ҷамшед Муртазоқулов, Ҳаёт Одинаев, Равшан Раҷабзода, Бахтовар Сафарзода, Зайниддин Сафаров, Насиба Содиқӣ, Гулбаҳор Турсунова, Абдураҳим Холиқзода, Ҳокимҷон Холиқов ва Мавзуна Шарофиддинова.

Рӯзноманигор ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик Олимҷон Салимзода, ки дар чаҳор даъвати охир вакили палатаи поёнии парлумон буд, тасмим гирифтааст, ки дигар номзадиашро ба вакилии парлумон намегузорад.

Дар ин матлаб оид ба номзадҳои пешбарикардаи 7 ҳизби сиёсии кишвар маълумоти бештар дастрас аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.