Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24-уми январ дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда дар як қатор вазорату кумитаҳои давлатӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 20-уми январи соли ҷорӣ таҳти раёсати президент маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҶТ баргузор шуд. Дар кори маҷлиси васеъ Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар фаъолияти роҳбарону масъулини як қатор вазорату идора, сохторҳои назди Ҳукумати ҶТ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо баъзе камбудиву норасоиҳоро ошкор намуд. Сарвари давлат ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиву мушкилоти соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, ислоҳи онро дар муҳлати муайяншуда талаб кард.

Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи ҷамъбастӣ имрӯз президент дар ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, кумитаҳои назди Ҳукумати ҶТ ва сохторҳои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ тағйироти кадрӣ ба амал баровард.

1/11

Бо фармонҳои раисҷумҳур ва қарорҳои ҳукумат вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, фарҳанг, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимӣ аз вазифа озод шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ сардорони Раёсати ВКД дохилӣ дар вилояти Суғд, шуъбаи рақами 1-и ВКД дар шаҳри Исфара, шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳои Бӯстон ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, Раёсати тафтишоти ВКД, шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Фархор, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон, қисми минтақавии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, шуъбаи рақами 1-и ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, шуъбаи ВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, инчунин сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба вазифаҳо таъин шуданд.

Зимни суҳбат раисҷумҳур ба кадрҳои таъиншуда ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, таъмини зиндагии шоистаи мардум, боло бурдани иқтидори молиявию иқтисодии давлат, ҷалби сармояи хориҷӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвар дар арсаи байнулмилалӣ, таъмини амнияту тартибот зимни баргузории чорабиниҳои муҳим дар соли 2020 дар Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои дар паём ироагшуда супоришҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.