Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, ки аз моҳи сентябри соли 2017 дар ин мақом фаъолият дошт, имрӯз муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Ба ҷойи ӯ Сиҷоуддин Саломзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин шуд. Номбурда то имрӯз раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд буд.

Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз нисфирӯзии 27-уми январ раиси нави Бохтар ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муаррифӣ гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.