Шаҳрдории Душанбе бо мақсади интихоби пудратчӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Боғи Истиқлол» бо майдони  «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) барои иштирок дар тендер довталабони ватанию хориҷиро даъват мекунад.

Боғ дар майдони 30 гектар дар қаламрави хиёбони рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт (мавзеи пушти маҷмааи “Кохи Ваҳдат”, меҳмонхонаи “Авесто” ва Донишкадаи омӯзгорӣ) бунёд мегардад.

Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар тендерро шаҳрдории пойтахт то 15 феврал қабул карда, рӯзи 18 феврал натиҷаҳои тендер ҷамъбаст мешаванд.

«Боғи Истиқлол» яке аз иншооти бузургу бошаҳомат дар кишвар ба шумор меравад, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта мешавад.

Майдони маҷмааи “Истиқлол ва Озодӣ” 2,7 гектарро ташкил дода, муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» 121 метрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.