Дар машварати корӣ бо ҳузури муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода масъалаи омодагӣ ба мавсими ҳаҷи имсола баррасӣ шуд.

Дар машварат бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ба масоили тадорукоти мавсими “Ҳаҷ-2020” таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Муовини сарвази ҷумҳурӣ Ширин Исматуллозода, ки охири ҳафтаи гузашта ба ин мансаб таъин шуд, ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастур дод, ки  зимни ташкили сафар ба ҳаҷ ва интихоби ҳоҷиёни оянда муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва қоидаҳои шариати Ислом қатъиян риоя карда шаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир таъкид дошт, ки барои равуои ҳоҷиёни оянда ба макони муқаддаси Ислом танҳо аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ истифода шавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2019 Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба тоҷикистониён 5 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли гузашта 35138 сомонӣ (3713 доллар)-ро ташкил дод.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунанд. “Тоҷик Эйр” як ҳавопаймои коршоями Boeing 757-200 дорад, ки танҳо бо хатсайри Душанбе-Жуковский-Душанбе (ду маротиба дар як ҳафта) парвоз анҷом медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.