Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум рӯзи 17-уми марти соли равон баргузор мешавад.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 3-юми март дар бораи даъвати иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ки вакилонаш дар интихоботи рӯзи 1-уми март интихоб шуданд, фармон ба имзо расонид.

Дар иҷлосияи якуми МНМО ҶТ раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва се муовини ӯ, ҳамчунин раисони кумита ва комиссияҳо интихоб мешаванд.

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.