Ҳайати нави парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати пешвои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Меҳроҷ Абдуллоев, ки қаблан ҳеҷ гоҳ вакили парлумон набуд, ба кор оғоз мекунад.

Ҷаласаи аввали иҷлосияи якуми палатаи поёнии тозаинтихоби парлумони Тоҷикистон рӯзи 17-уми март таъин шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, мувофиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, кори парлумони тозаинтихоб таҳти раёсати вакили куҳансолтарин шурӯъ мешавад.

“Вакили куҳансолтарини парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон айни замон Меҳроҷ Абуллоев мебошад, ки 15-уми августи соли 1948 таваллуд шудааст”, - иброз дошт ӯ.

Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон раис ва муовинони ӯ, раисони кумита ва комиссияҳои доимии палатаи поёнии парлумон интихоб мешаванд.

Дар кори иҷлосияи якуми палата иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст, ки дар бораи маъракаи интихоботии доиршуда ва вазифаҳои минбаъдаи парлумон изҳори назар мекунад.

Ёдрас мекунем, ки маъркаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 1-уми март баргузор шуд.

Дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ номзадҳои пешбарикардаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пирӯз шуданд. Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҲХДТ 12 номзади он ба курсии вакилӣ соҳиб шуданд. Аз 63 курсии вакилони Маҷлиси намояндагон 47-тоаш дар ихтиёри номзадҳои ҲХДТ қарор гирифт.

Ба палатаи поёнии парлумон инчунин 7 номзади Ҳизби аграрӣ (4 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 3 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатӣ); 5 намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (4 нафар – аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 1 вакил – аз ҳавзаҳои якмандатӣ); 1 намояндаи Ҳизби сотсиалистӣ  ва 1 намояндаи Ҳизби демократ (ҳар ду аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ)  ва 2 намояндаи Ҳизби коммунист (ҳар ду аз ҳавзаҳои якмандатӣ) роҳ ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.