Имрӯз ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мешавад, шаҳодатномаи узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва медали ҷашнии “100 солагии матбуот” супорида шуд.

Раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода медалҳои ҷашниро ҳамчунин ба роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшо Сафарзода ва чанд нафар собиқадорони соҳаи матбуоти Хатлон тақдим кард.

Қурбон Ҳакимзода зимни сухани табрикотияш вазъи матбуоти вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, аз сифати чопи нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ изҳори нигаронӣ кард.

“Ман газетаҳои шаҳрию ноҳиявиро омӯхта дидам – аксарашон проблемаи дизайн доранд ва расмҳояшон низ бесифат. Ман намефаҳмам, чаро дар дӯконҳои рӯзномаю маҷаллафурӯшӣ ягон газетаи давлатӣ фурӯхта намешавад? Чаро мардум газетаҳои мустақилро ҳар рӯзи панҷшанбе мунтазир шудаву харидорӣ мекунанд? Чаро онҳо метавонанд диққати хонандагонро ба худ ҷалб кунанду газетаҳои давлатӣ наметавонанд? Барои ҷалби хонандагон сармуҳаррирони газетаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва вилоятиро зарур аст, ки ба сифату муҳтавои хабару мақолаҳояшон диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Мақолаҳои таҳлилиро бештар нашр кунанд. Дарди мардум ва мушкилоти ҷойдоштаро бигӯянд”, - таъкид кард раиси  вилоят.

Ӯ дастур дод, ки барои омода кардани тарроҳи рӯзнома ё дизайнери газетаҳо дар маркази вилоят давраҳои омӯзишӣ ташкил карда шаванд. “Агар маблағ лозим бошад, аз буҷети вилоят ҷудо карда мешавад”, - афзуд ӯ.

Дар идомаи суханронияш Ҳакимзода гуфт: “Ба роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон супориш дода мешавад, ки барои харидории 40 адад фотоаппаратҳои замонавӣ барои газетаю маҷаллаҳои маҳаллӣ, лоиҳаи қарори раиси вилоятро дар кӯтоҳтарин фурсат омода ва пешниҳод кунад. Ин дастгоҳҳо пеш аз Иди Наврӯз бояд ба редаксияҳо дастрас карда шавад”.

1/8

Вай ҳамчунин ба сифати омодасозии рӯзноманигорони ҷавон дахл карда, дастур дод, ки дар ин самт идораҳои рӯзномаю маҷалла ва радиою телевизионҳо бо факултаю шуъбаҳои журналистии донишгоҳҳо ҳамкорӣ бикунанд.

“Аз забони бисёре аз журналистони калонсолу пуртаҷриба мешунавем, ки сифати омодасозии кадрҳои журналистӣ дар донишгоҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Ҳарчанд донишгоҳҳо низ кӯшиш карда истодаанд, ки барои омода кардани кадрҳои баландихтисос шароити зарурӣ фароҳам оварданд. Ба ин хотир, бояд идораҳои расонаҳои даврӣ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи журналистика бо факултаю шуъбаҳои журналистӣ ҳамкории зич дошта бошанд. Аз сабаби он ки журналистони соҳавӣ каманд, бисёри вақт дар инъикоси ин ё он мавзӯъ ба хато роҳ медиҳанд. Хуб мебуд, дар ин самт ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо факултаю шуъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳо ҳамкорӣ намоянд”, - қайд кард Қурбон Ҳакимзода.

Ӯ дар фароварди суханронияш гуфт, ки ба хотири тарғибу ташвиқи корҳои созандагӣ дар вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон байни рӯзноманигорон озмун эълон мешавад.

“Озмун бояд ба номинатсияҳои алоҳида ҷудо карда шуда, барои ғолибони ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ, барои мақоми дуюм – 5 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм – 2,5 ҳазор сомонӣ мукофот пешбинӣ шавад”, - гуфт ӯ.

Дар ҷамъбасти ҳамоиши имрӯза ба ғолибони озмуни вилоятии “Неруи сухан” аз рӯйи 7 номинатсия мукофот ва дипломҳо супорида шуданд.

Ҳакимзода ба қисме аз собиқадорони соҳаи матбуот ифтихорномаҳои раиси вилоят, ҳамчунин ба идораҳои нашрияву маҷаллаҳои маҳаллӣ як ададӣ компютеру принтер тақдим кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.