Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18-уми март дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди кишвар гуфт, ки дар рисолаҳои ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҳолатҳои асардуздӣ мушоҳида мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Президент зимни суханронияш таъкид кардааст: “Сабаби чунин муносибат, пеш аз ҳама, камҳавсалагии роҳбари илмӣ, фориғболии унвонҷӯ ва рӯякӣ таълиф гардидани рисола мебошад. Имрӯз, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рисолаҳои зиёд интишор мешаванд, баъзе унвонҷӯён аз онҳо рӯйбардор карда, бо роҳи осон мехоҳанд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Дар натиҷа ҳам сифати илми ватанӣ коҳиш меёбад, ҳам обрӯву эътибори унвонҷӯ ва роҳбараш дар миёни ниҳодҳои илмӣ паст мегардад. Ин “бемории” замони технологияҳои муосир буда, ба зеҳни олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо сироят карда истодааст”.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 40 нафар олимоне, ки дар пойгоҳи “Диссернет” ба асардуздӣ муттаҳам шудаанд, онҳое мебошанд, ки рисолаҳои илмии худро дар шӯроҳои диссертатсионии марбут ба ихтисосҳои иқтисодӣ ва ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва педагогика дифоъ кардаанд.

“Яъне ҷавонони мо ба таҳқиқи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, зеро дар доираи илмҳои зикршуда омода кардани рисолаҳои илмӣ заҳмати ҷиддиву мунтазам, ҷустуҷӯҳои илмӣ, инчунин, корҳои озмоишӣ ва дониши мукаммалу бунёдиро талаб мекунад. Маҳз бо чунин сабаб муҳаққиқони ҷавони мо худро аз таҳқиқи илмҳои бунёдӣ канор мегиранд ва ин аст, ки солҳои охир мо ягон кашфиёти илмии бунёдӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷоизаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пешниҳод накардаем”, - гуфтааст сарвари давлат.

1/30

Вай афзуд, ки бо мақсади пешгирӣ кардан аз ҳолатҳои асардуздӣ (сирқат) дар раёсатҳои Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Маркази миллии патент ва иттилоот харидорӣ ва насб кардани серверҳои пуриқтидор бо сабт ва нигоҳдошти рисолаҳои қаблан дифоъшуда ва мавзӯъҳои илмии таҳқиқшудаистода, инчунин ташкил намудани шабакаи махсус дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ӯ ба олимони ҷавон муроҷиат карда, гуфтааст, ки ҳар як сарчашмаро худашон мутолиа кунанд, бо тарзи таҳқиқи олимони дигар шинос шаванд ва баъдан хулосаҳои илмии худро дар рисолаҳояшон ҷамъбаст намоянд.

“Бо назардошти ин, ба Комиссияи олии аттестатсионӣ, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки норасоиҳои зикршударо ҳарчи зудтар бартараф карда, фаъолияти шӯроҳои диссертатсиониро мунтазам мавриди омӯзишу таҳлил қарор диҳанд ва аз натиҷааш ҳар шаш моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат маълумоти хаттӣ ирсол намоянд”, - изҳор дошт раисҷумҳур.