Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз замони таъсисёбии он Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи хотимавии даъвати охири палатаи болоии парлумон маърӯза кард.

Ӯ пешниҳод кард, ки бо назардошти таҷрибаи бисёре аз кишварҳои дунё палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доимо амалкунанда шавад.

“Ба фикрам, замоне фаро расидааст, ки ба қонун “Дар бораи Маҷлиси миллӣ” тағйирот ворид карда шавад, ки мувофиқи он раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо аз ҳамаи кору мансабҳои давлатӣ озод ва фаъолияташон доимиву пардохтшаванда гардад”, - қайд кард Убайдуллоев.

Дар маърӯзаи хотимавии худ Убайдуллоев ба ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ барои кори пурсамар ба хотири рушди кишвар ва таҳкими сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ изҳори сипос кард.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои соли 1999 қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон, парлумони дупалатагӣ – Маҷлиси Олӣ бо Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) ва Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ) таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро раисҷумҳури Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худ метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.