Дар ҷараёни сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки аз 22-юми март идома дорад, рӯзи 26-уми март бо ҳузури ӯ дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик – «Устурлоб» сохта шудааст.

Дар дохили боғ ҳамчунин аз ҷониби як соҳибкори шаҳри Хуҷанд Планетария бунёд шудааст, ки он аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосир, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқҳои корӣ ва таҳхона иборат мебошад.

1/5

Гуфта мешавад, дар ин боғ ҳамчунин “Олами афсона” – мавзеи бозии кӯдакон, гӯшаи ҳайвоноти нодир ва чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ сохта шудааст.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти гармхонаи замонавии ҶДММ "ММК Агро" оғози расмӣ бахшид. Гармхона дар муддати кӯтоҳ сохта шуда, аз ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ иборат аст ва тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидаанд.

Дар қисмати гидропоника, ки як гектари гармхонаро ташкил медиҳад, айни ҳол парвариши бодирингу помидор ба роҳ монда шудааст ва парваришу нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд 13 намуди элементҳо тариқи обёрии қатрагӣ ба рустанӣ расонида мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб шудааст.

1/6

Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмӯлӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини рустанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 адад ҳаводиҳандаҳои ихроҷкунандаи гармӣ насб гардидааст. Тибқи пешгӯиҳо, бо истифода аз чунин имконоти муосир ва қоидаҳои агротехникӣ, аз ҳар гектар дар як сол бештар аз 180 тонна бодиринг рӯёнидан мумкин аст. Пас аз ба истифода додани гармхона 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 50 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин шуданд.

Ҳамчунин сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузошт. Боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди МД “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки аллакай аз соли сеюм ниҳолҳои боғи суперинтенсивӣ ба ҳосил даромада, то панҷсолагӣ самаровар хоҳанд шуд.

1/4

Тибқи баҳогузории кишоварзон, аз як гектар боғи суперинтенсивӣ аз 20 то 25 тонна меваи хушсифат ба даст оварда мешавад. Аз ин рӯ, чунин навъи маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.

Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон 22-юми март дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.