Имрӯз, 30-юми март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис ҳисоботи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат шунида шуд.

Раисҷумҳур ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеъи он супориш дод, ки тавассути ВАО корҳои тарғибу ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намоянд.
Дастур дода шуд, ки барои тарбияи мутахассисони сатҳи баланд, омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ барои қабули беморон, ворид сохтани таҷҳизоти муосири тиббӣ, назорати санитарӣ-гигиении марказҳои хизматрасонии маишӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла, дар беморхонаи ноҳияи Данғара барои қариб 300 ҷойи хоб, бунёди марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои муосири тиббӣ дар ҳар як деҳот ва шаҳрак тезонида шавад.
1/14

Дар маҷлис ҳамчунин оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” чор корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ, аз ҷумла, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд – М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф – ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулвард” ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Президент ба ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2020-2021 аз ҳозир тадбирҳои мушаххас андешида, ба миқдори зарурӣ маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, аз ҷумла, ангишт захира намоянд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати “Барқи тоҷик” ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоии кишвар дар фасли зимистон бо нерӯи барқ ва гармӣ вазифадор шуданд.

Дар кори маҷлис лоиҳаи қонун “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва санадҳои дигар муҳокима шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол гардиданд.

Ҳамчунин масъалаҳо дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025 баррасӣ шуданд.

Раисҷумҳур таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат ва роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ, нишондиҳандаҳои паёми Президенти ҶТ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ, вусъати кишту кори баҳорӣ, аз ҷумла, пахта, шолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кишти такрорӣ, корҳои соҳилбандӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ, истифодаи самараноки сардхонаву гармхонаҳо, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани маъракаи навбатии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҷалб кард.