Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел зимни суҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев ба роҳбарият ва мардуми бародари Ӯзбекистон барои кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавируси нав расонида шуд, арзи сипос кард.
“Ин кумаки дӯстонаи иборат аз маҳсулоти хӯрокворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар шароити имрӯзаи барои ҳамаи мо душвор хеле зарур буда, боз як нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст, ки халқҳои моро бо ҳам мепайванданд. Мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти ҶТ, ҳамзамон ҷараёни устувори рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар доираи шарикии стратегӣ зикр гардид.
Раисҷумҳурон зимни идомаи табодули афкор оид ба мавзӯи зуҳуроти буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои хавфноки афзоиши таназулли нав, ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъи дар ду давлат дар пасманзари хатарҳои паҳншавии пандемияи коронавирус баамаломада иттилоъ доданд.
Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳо барои пешгирии таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба кишварҳои минтақа таъкид шуд.
Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста