Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон фраксияҳои се ҳизб ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро ба қайд гирифт.
Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ин бора қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Аз ҷумла, фраксияи Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон иборат аз 42 нафар вакилон, фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо 7 нафар вакилон ва фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иборат аз 5 нафар вакилон ба қайд гирифта шуд.
Ғайр аз ин, як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ иборат аз 5 нафар вакилон низ сабт шуд.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли равон баргузор шуд.
Аз 63 курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон 47-тоаш насиби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон шуд.
Ҳамчунин 7 номзади Ҳизби аграрӣ, 5 намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 2 узви Ҳизби коммунист, 1-тогӣ намояндагони Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ вакили парлумон интихоб шуданд.
Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, барои таъсиси фраксия ҳизб дар палатаи поёнии парлумон бояд на камтар аз 5 намоянда дошта бошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста